Шиносоӣ ва дастгирии теъдоде аз аъзои гурӯҳи ДИИШ дар Қазоқистон
(last modified Tue, 18 Aug 2020 09:04:33 GMT )
Август 18, 2020 14:04 Asia/Dushanbe
  • Шиносоӣ ва дастгирии теъдоде аз аъзои гурӯҳи ДИИШ дар Қазоқистон

Мақомоти амниятии Қазоқистон аз шиносоӣ ва муҷозоти аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ хабар доданд.

Ба гузориши Садои Хуросон ва ба нақл аз сомонаи Tengrinews.kz, кумитаи амнияти милии Қазоқистон иттилоъ дод гурӯҳе аз шаҳрвандони ин кишвар ба иллати омӯзиши ақоиди салафӣ ба гурӯҳи ДИИШ бипайвастанд.

Тибқи иттилои ин манбаъ шаҳрванди Қазоқистон Ерлан Қавандиков пас аз фармоишҳои таблиғгарони ДИИШ тавассути киберфазо, ҳамроҳ бо ду шарикаш Бирик Асинов ва Жакин Ақмалов дар шаҳри Қазоқистон амалиёти террористиро ба нақша гирифтааст. Нерӯҳои амниятӣ онҳоро боздошт карданд.

Се нафар аз ин гурӯҳи 5 нафарӣ бо номҳои Ақмалов ва Қавандиков ба тартиб ба 6, 9 ва 12 сол зиндон маҳкум шуданд.