Сентябр 02, 2020 21:30 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши маҳдудиятҳои қарантина дар Ӯзбакистон

Мақомоти Ӯзбакистон маҳдудиятҳои марбут ба муқобила бо коронаро ба мизони қобили таваҷҷуҳе коҳиш доданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, рафъи маҳдудиятҳо барои муқобила бо вируси корона шомили бархе машоғилу бахшҳое монанди кафеҳо, ресторанҳо, синамоҳо, паркҳо ва масҷидҳо мешавад.

Ин дар ҳоле аст, ки баргузории таҷаммуоти беш аз 4 нафар дар як миз дар ресторанҳову кафеҳо ҳамчунон мамнуъ ва  истифода аз моску риояти фосилаи иҷтимоӣ то 2 метр илзомӣ аст.

Теъдоди мубталоён ба вируси корона дар Ӯзбакистон ба беш аз 42 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин миён се ҳазору 240 нафар ҷон бохтаанд.