Иқрори дипломати амрикоӣ ба афзоиши хушунатҳо дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i57729-Иқрори_дипломати_амрикоӣ_ба_афзоиши_хушунатҳо_дар_Афғонистон
Намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон гуфт: Сатҳи хушунатҳо дар ин кишвар афзоиш ёфта аст .
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 23, 2020 11:04 Asia/Dushanbe
  • Иқрори дипломати амрикоӣ ба афзоиши хушунатҳо дар Афғонистон

Намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон гуфт: Сатҳи хушунатҳо дар ин кишвар афзоиш ёфта аст .

Ба гузориши хабаргузории ОВО,Зулмай Халилзод бидуни ишора ба нақши Иёлоти муттаҳида дар шиддатёбии ин хушунатҳо , аз тарафҳои даргир хост ба ҷанг поён диҳанд. Суханони такрории ин дипломати амрикоии афғонитабор дар ҳолест, ки 19 соли ишғоли низомии Афғонистон аз сӯи низомиёни хориҷӣ ба раҳбарии Амрико , то кунун дастоварде ҷуз қатли оми садҳо ҳазор нафар аз мардуми бегуноҳ, таҳқири муқаддасоти мусулмонон ва вайронсозии  зерсохтҳои Афғонистон надошта аст.