Эътироз ба натоиҷи аввалияи интихоботи порлумонӣ дар Қирғизистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i58072
Эъломи натиҷаи аввалияи интихоботи порлумонии Қирғизистон дар байни баъзе аҳзоб норизоятӣ ба вуҷуд овардааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 05, 2020 19:33 Asia/Dushanbe
  • Эътироз ба натоиҷи аввалияи интихоботи порлумонӣ дар Қирғизистон

Эъломи натиҷаи аввалияи интихоботи порлумонии Қирғизистон дар байни баъзе аҳзоб норизоятӣ ба вуҷуд овардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс , имрӯз  тарафдорони бархе аҳзоби бозанда дар интихоботи порлумонии Қирғизистон барои тазоҳурот ба хиёбонҳо омаданд .
Митинги эътирозиро ҳизбҳои сиёсии Атамкен, Бирбул, Замандаш ва Республика дар майдони марказии Бишкек ташкил карданд.
Дар зимн дар шаҳри Толос ҳам садҳо нафар аз тарафдорони аҳзоб « Атамкен » ва « Респкблика» ҳам таҷаммуӯъ карданд .   
Намояндагониин ташаккулҳои сиёсӣ муддаӣ шуданд ба иллати нақзи қонуни интихобот  натоиҷи раъйгириро ба расмият намешиносанд .
Бар асоси охирин додаҳои натоиҷи интихоботи порлумонӣ аз 16 ҳизб фақат 4 ҳизби сиёсӣ муваффақ шуданд аз сади 7 дарсадии вуруд ба порлумон убур кунанд .