Октябр 07, 2020 17:56 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон барои музокира бо мӯътаризон

Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон бо таъкид бар нақш ва ҷойгоҳи қонунии худ,барои музокира бо мӯътаризон эъломи омодагӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон «Сооронбай Ҷеенбеков» дар гуфтугӯи радиоӣ дар мавриди воқеаҳои рӯзҳои ахири ин кишвар гуфт : ман  ин шароитро тасарруфи ғайриқонуии қудрат медонам, зеро ҳаводиси рӯзҳои гузашта нишон дод ҳадафи касоне, ки ба таҷаммӯъи эътирозомез рафтанд , на фақат лағви натоиҷи интихобот балки эҷоди бесуботӣ дар кишвар аст .
Вай бо таъкид бар лузуми пешгирӣ аз ин танишҳо афзуд : натоиҷи интихобот бар асоси шумориши автоматикии сандуқҳои раъйгирӣ ба даст омадаасту нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо  ҳам аз суръати эъломи натоиҷи интихоботи Қирғизистон таъаҷҷуб карда буданд .
Ҷеенбеков   ҳамчунин ба нақши афроде  номушаххас ишора кард, ки ҳадафи онон на танҳо лағви натоиҷи интихоботи порлумонӣ, балки нигаҳ  доштани мардум дар хиёбонҳо ва эҷоди норизоятӣ аст .
Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон гуфт : дар гоми нахуст шӯрои  ҳамоҳангӣ эҷод шуд то авзоъи кишварро ба масири қонунӣ бозгардонад ва ман ба унвони Раиси Ҷумҳурии қонунии кишвар  омодаам то бо тамоми тавон ба онҳо кӯмак кунам .
Ҷеенбеков ҳамчунин нисбат ба хатари нерӯҳои хориҷӣ ҳушдор ва идома дод : мухолифон дар талошанд то мардумро гумроҳу масоили шимолу ҷанубро матраҳ кунанд . Ин хатар вуҷуд дорад, ки кишвар на танҳо ба дасти нерӯҳои дохилӣ, балки аз сӯи  нерӯҳои хориҷӣ қурбонӣ шавад , бинобарин акнун танҳо бояд пушти мизи музокира бинишинему ихтилофотро ҳал кунем .
Нооромиҳо дар Қирғизистон аз замони эъломи натоиҷи интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе оғоз шуд .
То кунӯн дари ин эътирозот  як нафар  кушта ва 590 тан захмӣ шудаанд .

Барчасп