Октябр 14, 2020 21:21 Asia/Dushanbe
  • Раиси анҷумани тоҷикони Қирғизистон муовини нахуствазир шуд
    Раиси анҷумани тоҷикони Қирғизистон муовини нахуствазир шуд

Бо пешниҳоди нахуствазири Қирғизистон, порлумони ин кишвар Равшанбек Собиров раиси анҷумани тоҷикони Қирғизистон мавсум ба Рӯдакиро ба симмати муовини нахуствазири ин кишвар мансуб кард.

Бино ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз Эки Пресс, Собиров солҳои 2011 ва 2012 ба ҳайси вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон ифои вазифа кардааст ва чандин маротиба вакили парлумон буд.

Ин бори аввал аст, ки як тоҷик дар Қирғизистон муовини сарвазир таъин мешавад. Равшан Собиров ҳамчун шахсияти дилсӯз дар ҳимояи манфиатҳои тоҷикони Қирғизистон тавсиф карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки ӯ дар давраи хуруҷи коронавирус дар Қирғизистон ба бемористонҳо ва кормандони ин кишвар кӯмаки ҷиддӣ расонидааст.

 

Нахуствазири ҷадиди Қирғизистон интихоб шуд

Нашрияи туркияӣ: Нахуствазири Қирғизистон истеъфо кард

 

Барчасп