Октябр 28, 2020 21:11 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар боздоштгоҳ гуруснанишинӣ эълон кард
    Раиси Ҷумҳурии пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар боздоштгоҳ гуруснанишинӣ эълон кард

Раиси Ҷумҳурии собиқи Қирғизистон, ки дар боздошт аст эътисоби ғизо кард

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс,  раисҷумҳури пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ки пас аз озодӣ аз зиндон ба дасти мӯътаризон дубора боздошт шудааст, дар боздоштгоҳ эътисоби ғизо кардааст.

Ба гуфтаи вакили Отамбоев, ҳанӯз хостаҳои вай мушаххас нест,  аммо маҳалли боздошти раисҷумҳури собиқи Қирғизистон зерзамини як боздоштгоҳ аст, ки пештар зиндониёни маҳкум ба эъдом дар он нигаҳдорӣ мешуданд.

Вакили Отамбоев ҳамчунин гуфтааст, ки саломатии муваккилаш рӯ ба ногуворӣ гузоштааст.

Созмони таъзироти ҳукуматии Қирғизистон бо радди изҳороти вакили Отамбоев эълом кардааст, ки вазъияти маҳалли нигаҳдории раисҷумҳури пешини ин кишвар муносиб аст.

Алмосбек Отамбоев, ки аз соли 2011 то 2017 Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон буд дар июли 2020 ба иттиҳоми фасоди молӣ ба 11 соли зиндон маҳкум шуд.

Шаби 6 октябри 2020 дар пайи эътирозоти густарда, Отамбоев ба дасти мӯътаризон аз зиндони комитети давлатии амнияти миллии Қирғизистон озод шуд, аммо чанд рӯзи баъд дубора дастгир шуд.


 Бештари бихонеди :

  

Барчасп