Ноябр 04, 2020 20:41 Asia/Dushanbe
  • Теъдоди қурбониёни ҳамла ба Донишгоҳи Кобул ба 35 нафар расид
    Теъдоди қурбониёни ҳамла ба Донишгоҳи Кобул ба 35 нафар расид

13 нафар аз фармондеҳон ва нерӯҳои полиси Афғонистон ба иттиҳоми кутоҳӣ дар таъмини амнияти Донишгоҳи Кобул боздошт шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симо, Фирдавси Фаромарз сухангӯи полиси Кобул гуфт 13 нерӯи полис, аз ҷумла фармондеҳи полиси ҳавзаи сеюми амниятӣ ва мудири мубориза бо ҷароими ҷиноии ин ҳавза ба иттиҳоми кӯтоҳӣ дар анҷоми вазифа барои таъмини амнияти донишгоҳи Кобули боздошт ва ба додситонии низомӣ муаррифӣ шуданд.

Донишкадаи ҳуқуқи Донишгоҳи Кобули рӯзи душанбе ҳадафи ҳамлаи муҳоҷимони мусаллаҳ қарор гирифт, ки ин ҳодиса пас аз шаш соати даргирӣ бо кушта шудани се террорист поён ёфт.

Бархе манобеи амниятӣ гуфтаанд шумори талафоти ин ҳамла ба 35 нафар ва захмиҳо ба 25 нафар афзоиш ёфтааст.

Ҳарчанд масъулияти инг ҳамларо ДИИШ бар ӯҳда гирифт, аммо АКмруллоҳ Солеҳӣ муовини аввали Ашрафи Ғанӣ таъкид кардааст, ки Толибон масъули ин ҳамла ва гурӯҳи террористӣ ҳаққонӣ низ тарроҳи он будааст.

Ҳамла ба Донишгоҳи Кобул хашми мардум ва мақомоти Афғонистону мақомоти беш аз чиҳил кишварро барангехтааст.
 
Бештар бихонед:

Барчасп