Сохти таъсисот дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон мамнӯъ шуд
Муовинони раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон дар дидоре, дар минтақаи марзи муштараки ду кишвар тавофуқ карданд, ки дар манотиқи аломатгузорӣ нашудаи марзӣ ҳеч таъсисоте сохта нашавад.
Ба гузориши сомонаи Спутник, Баҳовиддин Баҳодурзода ва Жаркинбек Мақсутов дар ин дидор таъкид карданд, ки сокинони манотиқи марзӣ ҳақ надоранд то ҳудуди 200 метрии манотиқи мавриди ихтилоф барои сохти хутути лулаи об, пул ва роҳҳои иртиботии дохилӣ иқдом кунанд.
Бо тавваҷуҳ ба густариши корона ва таъвиқи музокироти марзӣ, аз ибтидои имсол токунун ин нахустин дидори мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои гуфтугу дар бораи масоили марзӣ аст.
Дар пайи ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар барои ҳали ихтилофоти марзӣ, фақат 520 километр аз марзи 970 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.
Ихтилофи назари мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари бархе аз манотиқи марзӣ дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд, аз ҷумлаи мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъ дар ин замина аст.
БЕШТАР БИХОНЕД:
Вокуниши кафили раёсатҷумҳурии Қирғизистон ба таниши ахир дар марз бо Тоҷикистон
Таъкиди мақомоти қирғиз ва тоҷик бар рафъи ихтилофоти марзӣ
Таъини марз, муҳимтарин мавзуи ҳамаи дидорҳои сарони Қирғизистон ва Тоҷикистон