Нафақаи бознишастагии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои қазоқҳо
(last modified Tue, 08 Dec 2020 16:29:53 GMT )
Декабр 08, 2020 21:29 Asia/Dushanbe
  • Бо имзои Тоқаев шаҳрвандони Қазоқистон аз Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нафақа мегиранд
    Бо имзои Тоқаев шаҳрвандони Қазоқистон аз Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нафақа мегиранд

Шаҳрвандони Қазоқистон бо тасвиби тавофуқномаи таъмини нафақаи коргарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз мазоёи он баҳраманд мешаванд.

Ба гузориши манобеи хабарии Қазоқистон, Қосим Ҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон қонуни таъмини нафақаи бознишастагии коргарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро имзо кардааст.

Ин тавофуқнома, ки сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар таърихи 20 декабри соли 2019 онро имзо карданд, пас аз тасвиб моҳияти иҷроӣ хоҳад дошт.

  • Бо тасвиби ин қонун, шаҳрвандони қазоқи дорои собиқаи кор на танҳо дар кишвари худ, балки дар дигар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё низ нафақа дарёфт хоҳанд кард.

Ҳадафи аслии ин тавофуқнома, таъмини нафақаи коргарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бар асоси шароити комилан ҳамсон бо шаҳрвандони кишварҳои маҳалли истихдом аст.

 

Бештар бихонед: