Декабр 17, 2020 13:50 Asia/Dushanbe
  • Теъдоде аз аҳолии Ботканди Қирғизистон ба баҳонаи гум шудани асбҳояшон масири иртиботӣ бо ноҳияи Исфараи Тоҷикистонро бастанд
    Теъдоде аз аҳолии Ботканди Қирғизистон ба баҳонаи гум шудани асбҳояшон масири иртиботӣ бо ноҳияи Исфараи Тоҷикистонро бастанд

Бо ҳузури ба мавқеи мақомоти ноҳияҳои Ботканду Исфара ва марзбонони Қирғизистону Тоҷикистон аз даргирӣ миёни сокинони ин минтақаи марзӣ, ҷилавгирӣ шуд.

Ба гузориши сомонаи Азия Плюс, теъдоде аз сокинони деҳаи Оқсой дар ноҳияи Ботканди Қирғизистон шомгоҳи чаҳоршанбе (16 декабр) ба баҳонаи гум шудани асбҳои хеш ва нисбат додани ин ҳодиса ба сокинони фармондории Ворухи Тоҷикистон масири иртиботии ин минтақа бо ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистонро бастанд, ки ин кори онон бо таҷаммӯъ ва эътирози тоҷикҳо рӯбарӯ шуд.

Пас аз музокироти ҷонибҳо сокинони деҳаи марзии Оқсойи Қирғизистон масири баста шударо боз карданд ва тоҷикҳо низ ба хонаҳои хеш бозгаштанд.

Ин масир танҳо роҳи иртиботии беш аз 35 ҳазор нафар аз сокинони рӯстоҳои тоҷикнишини фармондории Вору бо маркази ноҳияи Исфара мебошад, ки дар қаламрави Қирғизистон воқеъ шудааст.

Дар пайи беш аз ду даҳа музокираи мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ, танҳо 520 километр аз марзи 970 километрии ду кишвар аломатгузорӣ шудааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Коҳиши даргириҳо дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон

Сохти таъсисот дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон мамнӯъ шуд

 

Барчасп