Чаро давлати Афғонистон маҷбур ба ҳазфи адади 39 аз рақами мошинҳо шуд?
(last modified 2021-01-15T14:07:42+00:00 )
Январ 15, 2021 19:07 Asia/Dushanbe
  • Бархе афғонҳо адади 39 - ро намоди фасоди ахлоқӣ ва беғайратӣ медонанд ва аз он парҳез мекунанд
    Бархе афғонҳо адади 39 - ро намоди фасоди ахлоқӣ ва беғайратӣ медонанд ва аз он парҳез мекунанд

Ривояте хурофотӣ аз иртибот доштани фасоди ахлоқӣ бо адади 39 боис шуд, ки давлати Афғонистон тасмим бигирад то ин ададро ба сурати комил аз раванди сабти рақами мошинҳо ҳазф кунад.

Ба гузориши ИРНА, тайи солҳои ахир хурофоте, ки адади 39 - ро намоди “фасоди ахлоқӣ ва беғайратӣ” унвон мекунад, сабаби мушкилоти фаровоне дар Афғонистон шудааст.

Дар Афғонистон мошинҳои дорои рақами 39 афзун бар он ки ба сарнишинонашон ба чашми афроди фосид нигоҳ мешавад, ҳангоми хариду фурӯш низ ба далели доштани ин адад дар пилок, як сеюми қиматро аз даст медиҳанд.

Худдории шаҳрвандон аз дарёфти рақами дорои адади 39 фурсатро барои фасод дар идораҳои ронандагӣ дар Афғонистон ба вуҷуд овард, ба тавре ки гоҳе маъмурони судҷӯ ва фосид ба муштариҳое, ки барои гирифтани рақам ба идораи ронандагӣ муроҷиа мекарданд, эълом мекарданд, ки навбати онҳо ба адади 39 расидаву онон маҷбур ҳастанд пилоке бо ин адад бигиранд.

Аммо муштариён аз гирифтани ин навъ рақам худдорӣ кардаву ба маъмурон пешниҳоди ришва мекарданд, ки боиси густариши фасод дар ин идора гардиду аз тарафи дигар осеби ҷиддӣ ба буҷети давлат низ ворид кард.

 Акнун давлати Афғонистон тасмим гирифтааст, ки барои ҷилавгирӣ аз фасод ва гирифтани ришва аз муроҷиин дар идораи роҳнамоӣ - ронандагӣ аз рӯзи шанбеи 16 январ адади 39 - ро ба таври комил аз чархаи сабт дар пилокҳои худравҳо ҳазф ва заминаи ришваву фасодро аз байн бибарад.

 

Барчасп