Феврал 19, 2021 22:12 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои дифоии Қирғизистон бо Қатар
    Густариши ҳамкориҳои дифоии Қирғизистон бо Қатар

Ҳамкориҳои дифоии Қирғизистон ва Қатар тақвият меёбад.

Талайбек Омуралиев, вазири дифои Қирғизистон бо Қосим Аҳмад Муҳаммад Алмуҳанно, вазири дифои Қатар дидор ва гуфтугӯ кард.

Аҳмад Ассулайнӣ, сафири Қатар дар Бишкек ва дарёдор Абдуллоҳ Албурдоинӣ, фармондеҳи маркази миллии дифоъ ва вокуниш дар баробари буҳрони ин кишвар низ ҳузур доштанд.

Ҳадаф аз ин дидор, густариши ҳамкориҳои дифоӣ байни ду кишвар ва баррасии тарҳҳову тавофуқномаҳои ҳамкории низомӣ аст.

Дар ин дидор дар мавриди иҷрои тарҳҳои муштарак, омӯзиши нерӯҳои низомӣ дар Қатар ва баргузории размоишҳои муштарак дар манотиқи кӯҳистонӣ низ тавофуқномаи ҳамкорӣ имзо шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп