Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон сафар мекунад
Раиси парлумони Афғонистон аз сафари раиси ҷумҳурии ин кишвар ба Тоҷикистон дар ояндаи наздик хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мирраҳмон Раҳмонӣ раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон, ки дар пойтахти Тоҷикистон ҳузур дорад дар дидор бо рӯзноманигорон дар маҳалли сафоратхонахои ин кишвар дар шаҳри Душанбе аз эҳтимоли сафари Раиси Ҷумҳурии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон дар ояндаи наздик хабар дод.
Раҳмонӣ дар бахши дигаре аз суханонаш дар бораи ҳадаф аз сафари кории худ ба Тоҷикистон гуфт: «Дар музокирот бо мақомоти тоҷик ҳамкории байни порлумонӣ, мубориза бо тероризм, барқарории сулҳ дар Афғонистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад.»
Қарор аст раиси маҷлиси намояндагони Афғонистон рӯзи душанбе бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Тоҳири Зокирзода раиси маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мулоқот кунад.
Сешанбе низ дидори Раҳмонӣ бо вазири рушди иқтисоду савдо ва додситони кулли Тоҷикистон барномарезӣ шудааст.
Ҳайати маҷлиси намояндагони Афғонистон дар чорчӯби ин сафар аз музеи миллӣ ва муҷтамаи Кохи наврӯзи шаҳри Душанбе боздид мекунад.
Бештар бихонед: