Коршиноси қирғиз: С-300 амнияти моро афзоиш медиҳад
(last modified Fri, 05 Mar 2021 14:32:07 GMT )
Март 05, 2021 19:32 Asia/Dushanbe
  • Дабири матбуотии раиси ҷумҳурии Қирғизистон ахиран аз вогузории сомонаи С - 300 Русия ба ин кишвар хабар дод
    Дабири матбуотии раиси ҷумҳурии Қирғизистон ахиран аз вогузории сомонаи С - 300 Русия ба ин кишвар хабар дод

Мутахассиси масоили сиёсиву низомии қирғиз истиқрори сомонаи мушакии С-300 дар Қирғизистонро боиси афзоиши амнияти ин кишвар ва минтақа унвон кард.

Ба гузориши хабаргузории «Форс», Мурод Бешанов, мутахассиси масоили сиёсиву низомии қирғиз гуфт: «Бо тавваҷуҳ ба мавқеияти ҷуғрофиёии Қирғизистон сомонаи мушакии С-300 заруритарин силоҳ барои пӯшиши марзӣ аст».

Бишанов афзуд: Садир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар сафар ба Русия дар бораи қарордодҳои низомӣ ва хариди сомонаи мушакии С-300 бо Маскав ройзанӣ кардааст.

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон ҳафтаи гузашта дар нахустин сафари хориҷии хеш пас аз расидан ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ ба Русия рафт.

Ахиран Галина Бойтурк, дабири матбуотии раиси ҷумҳурии Қирғизистон аз вогузории сомонаи С-300 Русия ба ин кишвар хабар дод.

Русия низ пештар таъкид карда буд, ки барои таъмини амнияти марзҳои Қирғизистон талош мекунад.

 

Бештар бихонед: