Дар суқути ҳавопаймо дар Қазоқистон чаҳор нафар кушта шуданд
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i63690-Дар_суқути_ҳавопаймо_дар_Қазоқистон_чаҳор_нафар_кушта_шуданд
Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон дар бораи суқути ҳавопаймои Антонов АН-26 дар ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 14, 2021 16:34 Asia/Dushanbe

Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон дар бораи суқути ҳавопаймои Антонов АН-26 дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Эрон пресс,  Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон эълом кард, дар асари суқути ҳавопаймои "Антонов АН-26" чаҳор нафар кушта ва ду тани дигар захмӣ шуданд.

Фурудгоҳи байналмилаллии Алма-Атаи Қазоқистон низ эълом кард, як фарванди ҳавопаймои "Антонов АН-26" ҳангоми фуруд суқут кард.

 

Бештар бихонед: