Март 25, 2021 12:44 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти кишварҳои \\\
    Баргузории нишасти кишварҳои \\\"Шӯрои туркзабон\\\" ба сурати маҷозӣ

Ҷаласаи ғайрирасмии Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон, ки қарор буд бо ҳузури сарони кишварҳои узв баргузор шавад, ба сурати маҷозӣ баргузор хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, иҷлоси ғайрирасмии Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон мавсум ба «шӯрои туркӣ »,  ки қарор буд дар 31 марти имсол дар Қазоқистон бо ҳузури сарони кишварҳои узв баргузор шавад, ба сурати маҷозӣ баргузор хоҳад шуд. 

Тасмими баргузории ин иҷлос ба сурати видеоконференсия ба далели ҳамагирии вируси корона гирифта шудааст. 

Қаблан эълом шуда буд, ки иҷлоси сарони « шӯрои туркӣ» рӯзи 31 март дар минтақаи Туркистони Қазоқистон бо ҳузури сарону мақомоти олии кишварҳои узв баргузор хоҳад шуд. 

Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон дар октябри соли 2009 эҷод шуда ва кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Узбакистон узви ҳақиқӣ ва Венгрия узви нозир он мебошанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп