Таъкиди вазирони корҳои хориҷии Қирғизистон ва Туркманистон ба рушди равобит
-
Таъкиди вазирони корҳои хориҷии Қирғизистон ва Туркманистон ба рушди равобит
Вазирони корҳои хориҷии Қирғизистон ва Туркманистон дар дидори маҷозӣ, дар мавриди равобити ду кишвар гуфтугӯ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вазири умури хориҷаи Туркманистон Рашид Мардов бо вазири умури хориҷаи ҷумҳурии Қирғизистон Руслан Қазоқбоев дидор кард.
Дар ин дидор вузароии хориҷа баъд аз табрики наврӯз, абъоди аслии равобити ду кишвар дар заминаи сиёсӣ ва дипломатӣ ва ҳамчунин дар заминаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва инсонӣ баҳс ва баррасӣ шуд.
Тарафайн ба лузуми ташдиди ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратхонаҳои хориҷа ишора ва ба иттифоқи назар дар мавозеъи ду кишвар дар мавзӯоти аслии минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид карданд.
Вазирон ҳамчунин дар бораи равобити тиҷорӣ ва иқтисодии ду кишвар, имкони баргузории ҷаласоти каршиносӣ барои ташдиди равобит гуфтугӯ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ баррасӣ шуда, онҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаҳои мунтазами Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва гуманитариро баргузор кунанд.
Ҳамчунин дар мавриди тавсеаи равобити фарҳангии инсонӣ низ баҳсу табодули назар шуд ва асарбахшии иртиботот дар заминаи омӯзиш, фарҳанг ва варзиш мавриди тавваҷӯҳ қарор гирифт.
Бештар бихонед: