Март 30, 2021 17:21 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкорӣ - меҳвари дидори мақомоти Узбакистон ва Парлумони Аврупо

Вазири умури хориҷаи Узбакистон ва раиси ҳайати парлумони аврупоӣ дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ чашмандози густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Узбакистон бо раиси ҳайати парлумони аврупоӣ дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон ва намояндаи Италия, чашмандози густариши беш аз пеши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Тарафайн дар ин дидор зимни таъкид бар гуфтугӯи сиёсӣ байни Узбакистону Иттиҳоди Аврупо дар солҳои ахир, дар бораи масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар ҳавзаҳои мавриди алоқа гуфтугӯ карданд.

Ҳамчунин дар мавриди барномаи маросимҳои муштараки қарибулвуқӯе монанди гуфтумони давраии сатҳи болоии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар сиёсату амният ва нишасти Шӯрои ҳамкории Узбакистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки ба тартиб дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд ва Люксембург баргузор мешавад, табодули назар шуд.

Ҳамчунин дар мавриди ҳузури раиси ҳайати парлумони аврупоӣ дар нишасти байналмилалии «Осиёи Марказӣ ва Ҷанӯбӣ: Ба ҳампайвастагии минтақаӣ, таҳдидот ва имконот», ки дар соли ҷории мелодӣ дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, ройзанӣ шуд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп