Апрел 01, 2021 20:47 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Узбакистон бо дабири иҷроии конфронси Таомул ва эътимодсозӣ дар Осиё дидор кард
    Вазири умури хориҷаи Узбакистон бо дабири иҷроии конфронси Таомул ва эътимодсозӣ дар Осиё дидор кард

Вазири умури хориҷаи Узбакистон бо дабири иҷроии конфронси Таомул ва эътимодсозӣ дар Осиё дидор кард.

Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Узбакистон, ки дар сафари корӣ дар Тоҷикистон ба сар мебарад, бо Кайрат Сорибой, дабири иҷроии конфронси Таомул ва эътимодсозӣ дар Осиё дидор кард.

Дар ин дидор ҳамкориҳои Узбакистон дар қолаби ин конфронс баррасӣ шуд.

Сорибой барои ҳамкории Узбакистон бо конфронси Таомул ва эътимодсозӣ дар Осиё арзиши бисёре қоил шуд.

Конфронси Таомул ва эътимодсозии Осиё (СИКА) нахустин бор дар 5 октябри соли 1992 мелодӣ дар замони баргузории чиҳилуҳафтумин иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид тавассути Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури вақти Қазоқистон пешниҳод шуд.

Мавзӯи фаъолияти конфронси минтақаии СИКА таомул ва иқдомот, роҳкорҳову шеваҳои дастёбӣ ба эътимодсозӣ дар қораи Осиё эълом шудааст.

Конфаронси Таомул ва эътимодсозӣ дар Осиё 27 узви аслӣ дорад.

 

Бештар бихонед: