Баргузории ҳамапурсии Қонӯни асосӣ дар Қирғизистон
Мардуми Қирғизистон аз субҳи имрӯз якшанбе барои эъломи назари худ дар бораи ислоҳоти Қонӯни асосӣ ба пои сандуқҳои раъй рафтаанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Меҳр, Садир Ҷабборов - раиси ҷумҳӯрии Қирғизистон дар соъати аввалияи оғози ин интихобот дар минтақаи Ленинскийи шаҳри Бишкек ҳозир шуд ва раъйи худро ба сандуқ андохт .
Дар сурати раъй овардани ҳамапурсии Қонӯни асосии Қирғизистон 81 ислоҳия дар Қонӯни асосии ин кишвар сурат хоҳад гирифт .
Ин ислоҳот дар Қонӯни асосӣ гузор аз низоми порлумонӣ ба раёсатиро расмият мебахшад .
Ҳамапурсии имрӯз дар сурати ҳузури 30 дарсад аз интихобкунандагон муътабар шинохта хоҳад шуд .
Ҳамзамон бо ин ҳамапурсӣ, интихоботи шӯроҳои маҳаллии Қирғизистон низ баргузор мешавад, ки ба ин манзур беш аз 2 ҳазору 400 шуъбаи раъй дар дохил ва 48 шуъба низ дар хориҷ аз Қирғизистон эҷод шудааст .
Ҳудӯди 200 нозири байналмиллалӣ низ бар раванди ҳамапурсӣ назорат хоҳанд кард .
Бештар бихонед :