Даргирӣ дар деҳаи Хоҷа Аъло миёни тоҷикҳо ва қирғизҳо
(last modified Sat, 17 Apr 2021 13:33:48 GMT )
Апрел 17, 2021 18:33 Asia/Dushanbe
  • Ҳар аз гоҳ миёни сокинони рӯстоҳои марзии вилояти Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон даргириҳое рух медиҳад
    Ҳар аз гоҳ миёни сокинони рӯстоҳои марзии вилояти Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон даргириҳое рух медиҳад

Дар деҳаи марзии Хоҷа Аъло дар ноҳияи Исфара миёни сокинони тоҷик ва қирғиз дубора бар сари истифода аз манобеи об даргирӣ рух додааст.

Ба гузориши сомонаи Тоҷ вик, сокинони тоҷики ин рӯсто муддаӣ шудаанд, ки қирғизҳо ба таври якҷониба дар минтақаи ҳануз аломатгузорӣ нашуда дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон пули иртиботӣ дар сарчашмаи руди Исфара бино кардаанд.

Онҳо мегӯянд, ки ба ин иқдоми қирғизҳо эътироз карданд, ки ба даргирӣ анҷомид.

Бо ҳузур ба мавқеи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз идомаи даргирӣ ҷилавгирӣ шуда ва ду тараф музокира барои поён додан ба ин моҷароро оғоз кардаанд.

Бо ин ҳол барои таъмини амнияти мусофирони тоҷик дар масири Ворух ба маркази ноҳияи Исфара ҳаракати васоили нақлия маҳдӯд шудааст.

Бо вуҷӯди таъкиди мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи талоши ду тараф барои поён додан ба ихтилофоти марзӣ ҳар аз гоҳ миёни сокинони рӯстоҳои марзии ноҳияи Исфараи вилояти Суғд ва Ботканд даргириҳое ба баҳонаи истифода аз манобеи об, чарогоҳҳо ва роҳҳои иртиботӣ рух медиҳад.

 

Бештар бихонед :