Эҳзори сафири Тоҷикистон дар Бишкек ба Вазорати хориҷаи Қирғизистон
Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон бо эҳзори сафири Тоҷикистон дар Бишкек, ба боздошти худсаронаи ду табааи ин кишвар эътироз карда ва ин иқдомро ғайриқонунӣ ва мухолифи муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба номид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи 24 Ки Ҷӣ ( 24 . kg ) , Муовини вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Нуран Ниёзалиев ба сафири Тоҷикистон дар Бишкек Назир Муҳаммад Ализода нотаи эътирозӣ фиристод, ки боздошти худсаронаи ду шаҳрванди Қазоқистонро маҳкум мекунад.
Муовини вазири умури хориҷаи Қирғизистон таъкид кардааст, ки тарафи Тоҷикистон бояд омилони боздошти худсарона ва озору азияти ин ду табаъаи Қирғизистонро шиносоӣ ва муҷозот ва Бишкекро аз раванди иқдомоти худ огоҳ кунад.
Нуран Ниёзалиев таъкид кардааст, ки ду кишвар бояд шароити ҳамзистии мусолатомези сокинони манотиқи марзиро фароҳам ва аз ҳар навъи хушунат ва даргирӣ ҷилавгирӣ кунанд.
Чанде қабл ду табааи Қирғизистон ба иттиҳоми убури ғайримуҷоз аз марзи муштараки вилояти Суғд ва Ботканд дар Тоҷикистон боздошт шуданд, ки пас аз музокироти мақомоти марзбонии ду кишвар ин афрод ба ҳамроҳи 6 шаҳрванди дигари қирғизистонӣ, ки пеш аз ин ба ҳамин иттиҳом дастгир шуда буданд озод шуданд.
Бештар бихонед:
- Тоҷикистон 8 қирғизи боздоштшударо ба кишварашон таҳвил дод
-
Дидори вазирони умури дохилии Тоҷикистон ва Қирғизистон бо меҳвари ихтилофоти марзӣ