Апрел 28, 2021 18:25 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти ноҳияҳои Исфара ва Ботканди Қирғизистон дарҳоли баррасии ин ҳодиса ҳастанд
    Мақомоти ноҳияҳои Исфара ва Ботканди Қирғизистон дарҳоли баррасии ин ҳодиса ҳастанд

Мақомоти ноҳияи Ботканди Қирғизистон муддаӣ шудаанд, ки марзбонони тоҷик дар пайи ихтилофи сокинони рӯстоҳои марзии ду кишвар бар сари насби дурбинҳои назоратӣ ба сӯи қирғизҳо тирандозӣ кардаанд.

Ба гузориши сомонаи АКИПРЕСС, манобеи қирғизӣ муддаӣ шудаанд, ки рӯзи чаҳоршанбе (28 апрел) марзбонони тоҷик дар рӯстои марзии қирғизнишини Оқсой, ки ҳанӯз аломатгузории марзии он анҷом нашудааст, дурбинҳои назоратӣ насб кардаанд, ки бо эътирози қирғизҳо рӯ ба рӯ шуд.

Марзбонони тоҷик қасд доштанд ин дурбинҳоро дар сутунҳои барқи ин рӯсто насб кунанд, аммо сокинони маҳаллӣ ба ин иқдом эътироз карданд, ки саранҷом бо шиллики марзбонони тоҷикистонӣ ин эътирозот поён ёфтааст.

Агарчӣ дар ин тирандозӣ ба касе осеб нарасидааст, аммо мақомоти ноҳияҳои Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон дар ҳоли баррасии ин ҳодиса ҳастанд.

Ҳамзамон имрӯз раисони вилоятҳои Суғду Ботканд дар минтақаи марзи муштараки ду кишвар дидор ва бар зарурати поён додан ба сохту созҳои ғайримуҷоз ва ҳалли мушкили тақсими об таъкид карданд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар рӯзҳои ахир ихтилофоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон вориди марҳала ҷадиде шудааст ва ду тараф инбор бар сари истифода аз манобеи об, якдигарро таҳдид мекунанд.

Дар пайи ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар барои ҳалли ихтилофоти марзӣ, фақат 520 километр аз марзи 970 километрии Тоҷикистону Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.

Ихтилофи назари мақомоти тоҷику қирғиз бар сари бархе аз манотиқи марзӣ дар вилоятҳои Суғду Ботканд, аз ҷумлаи мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқе ҷомеъ дар ин замина аст.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп