Май 03, 2021 15:44 Asia/Dushanbe
  • Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором аст
    Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором аст

Қирғизистон мегӯяд, раванди ақибнишинии нерӯҳо ва таҷҳизоти дуҷонибаи низомӣ аз минтақаҳои марзии ду кишвар ба поён расидааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Тасс, дафтари матбуотии Комитети давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон  рӯзи душанбе эълом кард, ки ин кишвар ва Тоҷикистони тибқи тавофуқ, амалиёт ақиб кашидани нерӯҳо ва таҷҳизоти дуҷонибаи низомӣ аз марзҳои миллӣ ба умқи хоки худро ба поён  расонданд. 

Нерӯҳои марзбонии Қирғизистон ҳам эълом карданд фаъолияти камиссияи муштараки шомили намояндагони вазорати дифои ду кишвар дар манотиқи марзӣ идома хоҳад дошт. 

Рӯзи шанбе эълом шуд, ки мақомоти Бишкек ва Душанбе дар бораи барқарории оташбаси комил дар хутути марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон ба тавофуқ даст ёфтанд. 

Авзоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон  ором гузориш шуда ва ҳеч тахаллуфе аз риояти режими оташбас эълом нашудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп