Барканориҳои густарда дар вилояти Ботканди Қирғизистон
Сарвазири Қирғизистон ҳукми барканории раисони вилояти Ботканд ва ноҳияҳои Лайлак ва Боткандро, ки манотиқи бархӯрдҳои марзии ахир бо Тоҷикистон буданд, имзо кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомона Эки пресс, бар асоси фармони нахусти вазири Қирғизистон Улукбек Маъруфов, Омурбек Субҳоналиев, ки дар моҳи феврали имсол ба симмати раиси вилояти Ботканд таъин шуда буд, аз мақоми хеш барканор шудааст.
Акнун муовини аввали раиси хадамоти марзбонии Қирғизистон генерал Абдукарим Олимбоев масъуляти раёсати вилояти Боткандро бар ӯҳда хоҳад дошт.
Ҳамчунин Оқил Бекоразов аз симмати раиси ноҳияи Ботканд барканор ва Алмазбек Рахманқулов ҷонишини вай дар ин мақом шудааст.
Бар асоси фармони дигари нахуствазири Қирғизистон, Боймуродбек Муродов аз раёсати ноҳияи Лайлак барканор ва Учқунбек Ҷӯрабоев ҷонишин вай шудааст.
Муовинони раиси вилояти Ботканд ва раисони ду ноҳияи Лайлак ва Ботканд низ аз вазифаҳои худ барканор шудаанд.
Артём Новиков муовини нахуствазири Қирғизистон субҳи рӯзи чаҳоршанбе 5 май мақомоти тоза мансубшудаи вилояти Боткандро дар ҷаласае муаррифӣ кард.
Даргирии ахири марзӣ дар рӯзи 29 апрели имсол бузургтарин низоъи сокинони рустоҳои марзӣ ва нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар 20 соли ахир буд.
Манобеи вилояти Суғд эълом карданд, ки дар ин даргирӣ 19 нафар кушта ва 88 тан захмӣ шудаанд.
Вазорати тандурустии Қирғизистон низ эълом кард, ки дар даргирии рӯзи 29 апрел миёни марзбонони тоҷик ва қирғиз 36 табаъаи ин кишвар кушта ва 200 нафар низ захмӣ шуданд.
Бештар бихонед: