Май 11, 2021 16:24 Asia/Dushanbe
  • Вазорати дифои Узбекистон эълом кард, сиёсати дифоии Тошканд мухолифат бо пойгоҳҳои хориҷӣ дар ин кишвар аст
    Вазорати дифои Узбекистон эълом кард, сиёсати дифоии Тошканд мухолифат бо пойгоҳҳои хориҷӣ дар ин кишвар аст

Вазорати дифои Узбекистон рӯзи сешанбе эълом кард, ба кишварҳои хориҷӣ ва Амрико иҷозаи сохти пойгоҳи низомиро дар ин кишвар намедиҳад.

Ба гузориши хабаргузории АКИ Пресс, вазорати дифои Узбекистон афзуд, сиёсати дифоии Тошканд иҷоза нахоҳад дод пойгоҳҳои низомӣ барои истиқрори нерӯҳои хориҷӣ дар ин кишвар сохта шавад.

Бар асоси ин гузориш, ба дунболи хориҷ шудан нерӯҳои низомии Амрико аз Афғонистон, Вашингтон ба дунболи сохти пойгоҳе барои нерӯҳо ва таҷҳизоташ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна аст то сарбозон, ҷангандаҳои бидуни сарнишин, бомбафканҳо ва тӯпхонаҳоро ба онҷо интиқол диҳад ва аз он пойгоҳ ба расад кардани таҳаррукоти Толибон ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ дар Афғонистон бипардозад.

Рӯзи душанбе нашрияи амрикоии “The Wall Street Journal” ба нақл аз мақомоти амрикоӣ эълом кард, Вашингтон тасмим дорад шуморе аз пойгоҳҳои низомии худро аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон то кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс тавсеъа диҳад.

Гуфтанист, кишварҳои Узбекистону Тоҷикистон ба далели доштани марзи муштарак бо Афғонистон ва дастрасии сареъ, бештар мавриди тавваҷуҳи Амрико аст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп