Октябр 26, 2016 10:27 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва Узбакистон осонсозии судури раводидро баррасӣ мекунанд

Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон аз баррасии мавзуи тасҳили судури раводид барои шаҳрвандони ин ду кишвари ҳамсоя хабар дод.

Ба иттилои сайти Авесто, Шоҳқосим Шоҳисломов гуфт, гурӯҳҳои каршиносии ду кишвар дар дидоре дар Тошканд, пойтахти Узбакистон дар миёнаҳои моҳи ноябри соли ҷорӣ мавзуи равобити дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, ки яке аз ин масоил тасҳил дар судури раводид барои шаҳрвандони ин ду ҷумҳурӣ хоҳад буд .

Вай таъкид кард, ду кишвар талош мекунанд, то барои осонтар намудани дарёфти раводиди шаҳрвандони ин ду ҷумҳурӣ ба қаламрави якдигар ва эътои тасҳилоти вижа дар рафту омади сокинони манотиқи марзии Тоҷикистон ва Узбакистон ба тавофуқ барисанд .

Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон гуфт, ки низоми раводид бо Тоҷикистон, ки дар соли 2000 эъмол шуда буд, бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз вуруди аъзои гурӯҳҳои террористӣ ба қаламрави Узбакистон эъмол шуда ва ба ҳеч ваҷҳ алайҳи миллати тоҷик набудааст .

Шоҳқосим Шоҳисломов муътақид аст, ки ба тадриҷ мақомоти Тоҷикистон ва Узбакистон барои беҳбуди равобити дуҷониба иқдом хоҳанд кард .

Давлати Узбакистон дар соли 2000 ба баҳонаи ҷилавгирӣ аз вуруди аъзои ҳаракати исломии Узбакистон мустақар дар Афғонистон ба ин кишвар бо истифода аз қаламрави Тоҷикистон иқдом ба минагузории якҷонибаи марзи муштарак бо Тоҷикистон кард ва барои сафари шаҳрвандони ин ҷумҳурии ҳамсоя низоми раводид эъмол намуд .