Эҳтимоли сохти пойгоҳи низомии Амрико дар Туркманистон
Бархе расонаҳои рус муддаӣ шуданд, Пентагон буҷете барои сохти таъсисоти низомии Амрико дар Туркманистон ихтисос хоҳад дод.
Ба нақл аз Раша Тудей, Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қасд дорад, 240 миллион доллар барои сохти таъсисоти низомӣ дар Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Туркманистон ихтисос диҳад.
Ин дар ҳолест, ки давлати Туркманистон дар барномаҳои худ барои истиқрори таъсисоти низомии Амрико гузорише ироа накарда ва Ашқобод расман дар ин маврид тавзеҳе надодааст.
Ахиран гамоназаниҳое дар бораи интиқоли низомиёни амрикоӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла, Туркманистон, Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон матраҳ шудааст, аммо токунун мақомоти кишварҳои мазкур ё ин мавзуъро рад карда ва ё изҳори назаре дар бораи он накардаанд.
Бештар бихонед:
-
Узбекистон: иҷозаи сохти пойгоҳи низомиро ба Амрико намедиҳем
-
Вол Стрит Журнал: Нерӯҳои Амрико аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ мераванд