Боздошти ду духтар дар Қирғизистон ба иттиҳоми таблиғоти зидди тоҷикҳо
Мақомоти интизомии Қирғизистон аз боздошти ду духтари 20 ва 23 сола дар ин кишвар ба иттиҳоми даъват ба ихроҷи тоҷикҳои муқими яке аз рустоҳои вилояти Чуй хабар додаанд.
Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, ин ду нафар аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз сокинони вилояти Чуй дар шимоли Қирғизистон даъват кардаанд, ки тоҷикҳои бумии рӯстои Чалдоварро ихроҷ кунанд.
Акнӯн ба иттиҳоми барангехтани ихтилофоти қавмӣ, ин ду нафар боздошт шуда ва алайҳи онон парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.
Гуфта мешавад, ки иттиҳоми ин ду духтар бо кашфи паёмҳояшон дар шабакаи “WhatsApp” барои ихроҷи тоҷикҳои муқими ин русто ва гирифтани интиқом аз онон ба далели даргириҳои хунини рӯзҳои 28 ва 29 март дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон собит шудааст.
Аз сӯи дигар, гурӯҳе аз намояндагони маҷлиси Қирғизистони тарҳи мусаллаҳ кардани сокинони манотиқи марзӣ бо Тоҷикистонро барои кумак ба нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ба баҳонаи дифо аз тамомияти арзӣ ироа кардаанд.
Бо вуҷӯди гузашти наздик ба як моҳ аз даргирии хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва таъкиди мақомот бар ҳалли ихтилофот аз роҳи музокироти сиёсӣ, танишҳо, бастани роҳҳо, тавқифи васоили нақлия миёни ноҳияҳои Ботканду Исфара ҳамчунон идома дорад.
Бештар бихонед:
- Қирғизистон марзи худ бо Тоҷикистонро ба таври комил баст
- Вокуниши Қирғизистон ба иддаои Тоҷикистон дар бораи эҳтимоли дубораи даргирии марзӣ
- Омода шудани Қирғизистон барои як даргирии дигар дар марз?