Бастани марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо тиҷорати ду кишвар чӣ мекунад?
(last modified Wed, 26 May 2021 14:04:38 GMT )
Май 26, 2021 19:04 Asia/Dushanbe
  • Дар ду рӯзи ахир Қирғизистон марзи ҳавоӣ ва заминии худро ба таври комил бо Тоҷикистон баст
    Дар ду рӯзи ахир Қирғизистон марзи ҳавоӣ ва заминии худро ба таври комил бо Тоҷикистон баст

Баста шудани марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва таъсири ин иқдом бар тиҷорати ду ҷонибаи ин ду кишвари ҳамсоя аз мавзуоти доғи баррасиҳои коршиносони сиёсӣ ва иқтисодӣ аст.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, баррасиҳо нишон медиҳад, муомилоти тиҷории Тоҷикистону Қирғизистон дар муқоиса бо дигари кишварҳои минтақа ночиз аст.

Чунончӣ дар се моҳи нахусти имсол Тоҷикистону Қирғизистон 9 миллиону 300 ҳазордоллар муомилоти тиҷорӣ доштаанд, ки ин шохис бо Узбекистон 104 миллиондоллар, бо Чин 140 миллиондоллар ва бо Афғонистон 14 миллиондоллар будааст.

Дар соли 2020 низ маҷмӯ муомилоти тиҷории Тоҷикистону Қирғизистон 38 миллиону 800 ҳазордоллар будааст.

Ба гуфтаи коршиносон аз онҷо ки аз Қирғизистон орди Қазоқистону сӯхти Русия ба таври қочоқ ба Тоҷикистон ворид мешуд, баста шудани марзҳо метавонад мӯҷиби афзоиш қиматҳо шавад.

Ҳамчунин бахше аз колоҳо аз Чин ба Қирғизистон ва аз ин кишвар ба Тоҷикистон ворид мешуд, ки акнӯн Душанбе бояд ба фикри интиқоли маҳсӯлоти чинӣ аз Қазоқистон бидуни вурӯд ба Қирғизистон бошад.

Ин дар ҳоле аст, ки масири мустақим байни Тоҷикистону Чин аз қаламрави вилояти Бадахшон вуҷӯд дорад, ки ниёзманди бозсозӣ аст, вале то ба ҳол тарҳи тавсеъаи ин роҳи муҳим оғоз нашудааст.

Дар ду рӯзи ахир Қирғизистон марзи ҳавоӣ ва заминии худро ба таври комил бо Тоҷикистон баст ва ҳатто 200 мусофири парвози Душанбе ба Бишкекро бо ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” ба Тоҷикистон бозгарданд.

Бештар бихонед: