Июн 15, 2021 16:56 Asia/Dushanbe
  • Сафари раисиҷумҳури Тотористон ба Узбекистон

Раисиҷумҳури Тотористон ба Узбекистон сафар мекунад.

Ба гузориши АКИ пресс, Рустам Минниханов, раисиҷумҳури Тотористон 16 ва 17 июни соли ҷории милодӣ ба Узбекистон сафар мекунад.

Намояндагони 25 ширкати Татаристон, аз ҷумла « Камаз», «Тат нефт», «корхонаи сохти болгарди Қазон» , «Салрз форд» дар ин сафари раисиҷумҳури Татаристонро ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Қарор аст, Минниханов дар ин сафар бо Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон дидору гуфтугӯ кунад.

Ҳамчунин дар ҳошияи ин сафар намоишгоҳи тавонмандиҳои санъатии Татаристон низ гушоиш меёбад.

Мубодилоти бозаргонии Узбекистон ва Тотористон дар соли 2020 бо 20 дарсад коҳиш нисбат ба соли 2019 ҳудуди 156 миллион доллар буд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп