Июн 16, 2021 17:21 Asia/Dushanbe
  • Хези Узбакистон барои ҷазби воми 184 миллиондолларии “Эксимбонк”-и Амрико

Ширкати миллии “Ӯзбекнефтегаз” қасд дорад барои бозсозии полоишгоҳи Бухоро воми 184 миллиондоллариро аз “Эксимбонк” -и Амрико дарёфт кунад.

Намояндагони бахши матбуотии ширкати миллии “Ӯзбекнефтегаз” эълом карданд: Коршиносони ширкати миллии “Ӯзбекнефтегаз” UOP ltd Амрико ва “Эксимбонк” –и Амрико дар нишасти видеоконфронсе таъмини молии тарҳи бозсозии полоишгоҳи Бухороро баррасӣ карданд.

Дар поёни гуфтугӯҳо дар мавриди ироаи гузоришоти комил ба бонки амрикоӣ дар мавриди тарҳи бозсозии полоишгоҳи Бухоро тавофуқ шуд.

Пеш аз ин ширкати миллии “Ӯзбекнефтегаз” эълом карда буд, дар солҳои 2019 ва 2025 мелодӣ полоишгоҳи Бухоро барои бозсозии муқаддамотӣ 553 миллион доллар ҳазина хоҳад кард.

Ин тарҳ, ки дар 3 марҳила иҷро мешавад, солона зарфияти 2 миллиону 500 ҳазор тон нафту гази мойеъ, як миллиону 200 ҳазор тон бензини стандарти “Евро -5”, 200 ҳазор тон сӯхти ҳавопаймо, 750 ҳазор тон газоил ва 30 ҳазор тон мазутро хоҳад дошт.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп