Талошҳои мақомоти Олмону Туркманистон барои густариши ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷорӣ
Июн 20, 2021 11:36 Asia/Dushanbe
Вазири умӯри хориҷаи Туркманистон бо мудири иҷрои кумитаи иқтисоди шарқии Олмон баҳсу табодул назар кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Рашид Муродов-муовини раиси кабинаи вазирон ва вазири умӯри хориҷаи Туркманистон бо Михаил Ҳирмис-мудири иҷрои кумитаи иқтисоди шарқии Олмон видеоконфронсӣ бо якдигар гуфтугӯ карданд.
Дар ин гуфтугу тарафҳо дар мавриди таъомули дуҷониба ва густариши тиҷорат ва ҳамкории иқтисодӣ байни Туркманистону Олмон таъкид карданд .
Идомаи ҳамкории муассир аз тариқи коргурӯҳи туркманӣ - олмонӣ ҳам аз дигар мавзӯъоте буд, ки дар ин гуфтугӯ матраҳ шуд.
Бештар бихонед :
Барчасп