Июн 22, 2021 11:33 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Покистон, ҳузури низомии 20-солаи Амрико дар Афғонистонро омили густариши терроризм донист.
    Нахуствазири Покистон, ҳузури низомии 20-солаи Амрико дар Афғонистонро омили густариши терроризм донист.

Нахуствазири Покистон, ҳузури низомии 20-солаи Амрико дар Афғонистонро омили густариши терроризм донист.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, «Имрон Хон» дар мақолае барои рӯзномаи Вашингтон пост бо таъкид бар нокомии Амрико дар Афғонистон пас аз ду даҳаи юриш ба ин кишвар гуфт: Ҷанги амрикоиҳо даҳҳо миллиард доллар ба Покистони хисорат ворид кард.

Раиси ҳизби ҳокими Покистон ( таҳрики инсоф ) бори дигар бар мавзеи сариҳи Исломобод мабнӣ бар мухолифат бо ҳаргуна ироаи пойгоҳ ба Вашингтон дар хоки Покистон ва ё мушорикат дар ҳар гуна  иқдоми низомии дигари муртабит бо Афғонистон таъкид кард.

Вай афзуд Покистон аз иқдоми низомии Амрико дар Афғонистон бисёр ранҷ бурда ва беш аз 70 ҳазор кушта дода ва мутаҳаммили 150 миллиард зарар шудааст.

Изҳороти ахири Имрон Хон, ки ҳамзамон бо хурӯҷи низомиёни Амрико аз Афғонистон  нишондиҳандаи умқи ихтилофоти Исломобод бо сиёсатҳои Вашингтон ва нигаронии музоъаф аз пайомадҳои хуруҷи ғайримасъулонаи Амрико аст, гуфт: амрикоиҳо, ки дорои қудратмандтарин мошини низомии торих ҳастанд, натавонистанд дар 20 соли гузашта дар ҷанги Афғонистон пирӯз шаванд.Бинобарин чи гуна онон бо дарёфти пойгоҳ дар хоки мо метавонанд ин нокомиро ҷуброн кунанд.

Пеш аз ин ҳам Имрон  Хон таъкид карда буд Покистон ба созмони ҷосусии Амрико (СИЁ ) иҷоза нахоҳад дод, ки аз хоки ин кишвар барои амалиёти зиддитеррористӣ пас аз хурӯҷи низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон истифода кунад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп