Эъломи мизони зиёни воридаи даргириҳои марзӣ бо Қирғизистон
Мақомоти вилояти Суғд мизони зиёни ворида аз даргириҳои марзӣ бо Қирғизистонро эълом карданд.
Бо гузашти наздик ба ду моҳ аз даргириҳои хунини марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, мақомоти вилояти Суғд, мизони зиёни ворида аз ин низоъро эълом карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Комитети ҳолатҳои фавқулъодаи Тоҷикистон, хисороти воридаи бар асари даргирии марзии рӯзҳои 28 ва 29 апрели соли ҷорӣ дар марзи ноҳияҳои Исфара ва Ботканд 11 миллиону 954 ҳазору 772 сомонӣ эълом шудааст.
Ин дарҳолест, ки мизони хисороти ворида аз ин даргирӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 53 ҳазор сомонӣ унвон мешавад.
Қаблан раиси ситоди бартарафсозии оқибатҳои муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон Маъруф Муҳаммадзода гуфта буд " дар пайи ин даргирӣ дар ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд 40 хонаи осебдида, ки 18 манзил ба таври комил тахриб шудааст. "Акнун бо талоши нерӯҳои имдодӣ ва кумакҳои мардумӣ, рӯзҳои наздик сокинони хонаҳои тахрибшуда ба манзилҳои ҷадид мунтақил хоҳанд шуд.
Ҷониби Тоҷикистон қаблан эълом карда буд, ки бар асари даргирии мусаллаҳонаи рӯзҳои 28 ва 29 апрел дар марз бо Қирғизистон 19 шаҳрванди тоҷик кушта ва 87 нафари дигар захмӣ шуданд.
Қирғизистон низ эълом кардааст, ки дар ин муноқишаи марзӣ 200 шаҳрвандаш захмӣ ва 36 тани дигар кушта шуданд.
Бештар бихонед: