Ирсоли 40 вагони русӣ барои қатори шаҳри Тошканд
(last modified Thu, 15 Jul 2021 06:19:40 GMT )
Июл 15, 2021 11:19 Asia/Dushanbe
  • Русия барои кумак ба таҷҳизи қатори шаҳри \\\
    Русия барои кумак ба таҷҳизи қатори шаҳри \\\"Тошканд\\\" ба Узбекистон 40 вагон ирсол мекунад.

Русия барои кумак ба таҷҳизи қатори шаҳри "Тошканд" ба Узбекистон 40 вагон ирсол мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , арзиши ин 40 вагон тақрибан 63 миллион евроро ташкил медиҳад, ки 55 миллион евроро Русия ба Узбакистон қарз додааст.

Ин вагонҳо то 35 дарсад истеъмоли нерӯи барқро дар нақлиёти роҳи оҳани байни шаҳрҳо сарфа мекунанд.

Бо истифода аз 40 вагон имкон дорад, ки дар як сол дар Тошканди Узбекистон 95 миллиону 600 ҳазор мусофир интиқол дода шавад.

Русия яке аз бузургтарин шарикони иқтисодӣ ва тиҷории Узбакистон аст.

Савдои байни ду кишвар дар соли 2020 панҷ миллиарду 641 миллион долларро ташкил додааст.