Низои ҷадид дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Мақомоти Қирғизистон аз низои нав дар марзи вилояти Ботканд бо ноҳияи Исфараи Тоҷикистон хабар доданд.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, мақомоти Қирғизистон эълом кардаанд, ки сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло дар ноҳияи Исфара шаби 30 июл бо ҳаво додани санг ба сӯйи мошини Алимбек Собиров, раиси ҳукумати ҷамоати Оқсой, вайро захмӣ кардаанд.
Тарафи Қирғизистон муддаӣ аст, ки Алимбек Собиров барои ошноӣ бо раванди тармими хонаҳои сокинони деҳаи Оқсой ба ин минтақа мерафт, ки ҳудуди 15 то 20 нафар аз сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара пеши роҳи вайро гирифта ва ба сӯйи мошинаш санг партофтанд, ки дар натиҷа вай захмӣ ва дар бемористон бистарӣ шудааст.
Пас аз ин ҳодиса мақомоти полиси ноҳияҳои Исфара ва Ботканд дидор ва бар зарурати ҳифзи оромиш таъкид кардаанд.
Набиҷон Исозода, раиси полиси ноҳияи Исфара гуфтааст, ки муқассирони ҳамла ба мошини Алимбек Собиров шиносоӣ ва муҷозот хоҳанд шуд.
То замони интишори ин хабар мақомоти расмии Тоҷикистон дар бораи ин ҳодиса ибрози назар накардаанд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки дар муддати наздик ба 30 соли истиқлоли ин ду кишвар, танҳо бар сари аломатгузории 520 километр аз ин марз тавофуқ шудаву ихтилоф бар сари истифода аз роҳҳои иртиботӣ, чарогоҳҳо ва манобеи об боиси даргириву низоъ ва куштаву захмӣ шудани сокинони вилоятҳои Суғд ва Ботканд мегардад.
Бештар бихонед:
- Даргирии марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон
- Боздошти 60 комюни Тоҷикистон дар вилояти Ботканди Қирғизистон
- Даргирии дубора дар ноҳияи марзии муштараки Тоҷикистону Қирғизистон