Гуфтугӯҳои Толибон бо Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ
Ҳамзамон бо пешравиҳои сареъи Толибон дар манотиқи мухталифи Афғонистон ва тасарруфи бисёре аз шаҳрҳои ин кишвар, нишасти намояндагони Толибон бо Русия, Узбекистону Туркманистон дар Давҳаи Қатар баргузор шуд.
Дарн ин иртибот, намояндагони Русия, Туркманистон ва Узбекистон бо намояндаи Толибон дар Қатар дидор ва дар мавриди охирин таҳаввулоти дохилӣ дар Афғонистон гуфтугӯ карданд.
Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфт, дар дидори Мулло Абдулғани Бародар аз раҳбарони гурӯҳи Толибон дар Қатар бо Вафо Хоҷаев, муовини вазири умури хориҷаи Туркманистон ва Исматуллоҳ Эргашев, намояндаи раисиҷумҳурии Узбекистон дар умури Афғонистон, вазъияти ин кишвар баррасӣ шуд.
Дар айни ҳол, Саҳил Шоҳин, якӣ дигар аз сухангӯёни Толибон дар “Твиттер” хотирнишон кард, Мулло Абдулғани Бародар ҳамчунин ба таври ҷудогона бо Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон гуфтугӯ кардааст.
Музокироти ҷории намояндагони Толибон бо намояндагони Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ нишондиҳандаи аҳаммияти Афғонистон барои кишварҳои минтақа ва таъсироти манфии ҷанг дар ин кишвар бар кишварҳои ҳамсоя аст.
Пеш аз ин, намояндагони Толибон зимни сафар ба Теҳрон бо мақомҳои Эрон дар бораи авзоъи дохилии Афғонистон гуфтугӯ карда буданд. Ҳадаф аз анҷоми ин гуфтугӯҳо додани итминони хотир ба намояндагони давлатҳои ҳамсояи Афғонистон мабнӣ бар барқарории оромиш ва идомаи равобити дустона бо ин кишварҳо аст.
Дар ҳамин иртибот, Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон дар поёни размоиши сеҷониба ва муштараки Русия, Тоҷикистону Узбекистон, ки дар майдони тамрини "Ҳарбмайдон" дар вилояти Хатлони Тоҷикистон баргузор шуд, бо тасреҳи ин мавзӯ, ки дар солҳои гузашта, таҷзия ва таҳлилҳои коршиносони давлатӣ дар Тоҷикистон аз авзоъи Афғонистон ҳокӣ аз он будааст, ки вазъияти минтақа то ҳадди зиёде ба чигунагии авзои низомӣ - сиёсии ин кишвар бастагӣ дорад, гуфт: "Ҳар гуна руйдоде, ки дар Афғонистон рух медиҳад, на танҳо дар сатҳи минтақа, балки бар кулли фазои Авруосиё таъсироти манфӣ барҷо мегузорад".
Ҷудо аз таъсироти зиёди таҳаввулоти дохилии Афғонистон бар кишварҳои ҳамсояи ин кишвар, мавзӯи пешравиҳои сареъи Толибон дар шаҳристонҳои мухталифи Афғонистон ибҳомҳое барангехта аст.
Воқеият он аст, ки вуҷуди бе адолатӣ, фасоди ҳукуматӣ ва нокоромдии мақомҳои давлати Ашраф Ғанӣ бар мардуми Афғонистон муҷиб шудааст мардуми ин кишвар ба Толибон эътимоди бештаре дошта бошанд.
Илова бар ин, хиёнати Амрико ба давлати Ашраф Ғанӣ бори дигар ин воқеиятро исбот кардааст, ки наметавон ба ин кишвар ва мақомҳои давлати Амрико эътимод кард.
Пеш аз ин, мақомҳои Кобул ба Амрико эътимоди зиёде доштанд ва ҳатто дар ҷиҳати манофеи давлати Вашингтон, борҳо алайҳи давлатҳо ва миллатҳои минтақа мавзегирӣ кардаанд.
Дар ин замина, шуморе аз коришносони сиёсӣ ва низомии афғон, ихтилофҳо дар ҷиноҳи ҳокимияти Кобул, хуруҷи низомиёни хориҷӣ ва сутуни панҷум ва бархе ҳимоятҳои минтақаиро аз илали пешравиҳои сареъи Толибон дар Афғонистон ва кантроли марокизи устонҳо дар чанд рӯзи гузашта қаламдод кардаанд.
Ба гуфтаи ин даста аз коршиносони афғон, пешравии сареъ дар рӯзҳои ахир боиси тақвияти эътимод ба Толибон ва тазъифи неруҳои давлатӣ шудааст.
Ҳамин далоил муҷиб шудааст, ки бисёре аз шаҳристонҳои Афғонистон, ҳатто бидуни ҷангу даргирӣ суқут кунанд.
Дар пайи ин руйдодҳо, Саидҳусайн Олимии Балхӣ, вазири собиқи умури муҳоҷирони Афғонистон ва соҳибназари афғон дар умури сиёсӣ гуфтааст: "Акнун ки Толибон марокизи устонҳоро тасарруф кардаанд, Амрико мегуяд, ин кори Толибон хилофи тааҳуду роҳи ҳалли сиёсии мушкили Афғонистон аст".
Ин сиёсатмадори афғон, ҳамчунин суханони ахири Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрикоро ба танз ташбеҳ кард ва гуфт: "Вақте Байден мегӯяд, ки дар шароити феълӣ бояд нерӯҳои омузишдида ва варзидаи низомии Афғонистон бо мутаҷовиз муқобила кунанд, бештар ба танз шабоҳат дорад".
Ба ҳар ҳол, бо мавзеъгириҳои нодурусти мақомҳои давлати Кобул бавижа раисиҷумҳурии Афғонистон алайҳи бархе аз кишварҳои ҳамсоя муҷиб шудааст, ки давлатмардони Кобул ҳимоятҳои минтақаиро аз даст бидиҳанд.
Дар айни ҳол, намояндагони Толибон дар дидор бо мақомҳои кишварҳои ҳамсоя бар анҷоми бархе тағйирот дар боварҳои динӣ ва мазҳабии нодурусти пешин таъкид карда ва ба кишварҳои ҳамсоя ва ниҳодҳои ҷаҳонӣ итминон додаанд, ки иштибоҳоти гузаштаро такрор нахоҳанд кард.
Яке аз далоили аслии бовари кишварҳои минтақа ва ниҳодҳои байналмилалӣ ба ваъдаҳои Толибон ин воқеият аст, ки бо вуруди Толибон ба шаҳрҳои Афғонистон, нерӯҳои Толибон ба мардум бавижа шиён ва сохтумонҳои давлатӣ ва амокини вобаста ба ниҳодҳои байналмилалӣ осибе ворид намекунанд.
Бештар бихонед: