Август 28, 2021 12:16 Asia/Dushanbe
  • Гаштзании муштараки нерӯҳои полиси Суғду Ботканд дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Дар пайи дидори ахири раисони полиси вилоятҳои Суғду Ботканд, гаштзании гурӯҳҳои муштараки полиси Тоҷикистону Қирғизистон дар имтидоди роҳи Хуҷанду Конибодом оғоз шуд.

Ба гузориши сомонаи АКИпресс, Абдуллоҳ Навҷувонов ва Мурод Борнов, раисони полиси вилоятҳои Суғд ва Ботканд дар дидори ахири хеш дар бораи оғози гаштзании муштараки нерӯҳои полиси ду кишвар дар манотиқи мавриди ихтилофи марзи ба тавофуқ расиданд.

Ба манзури пешгирӣ аз даргириҳои марзӣ акнӯн нерӯҳои полиси ду кишвар аз соати 9 субҳ то 18 шомгоҳ, рафту омади мусофирону васоили нақлия ва фаъолияти маркази тиҷориро назорат хоҳанд кард.

Ин дар ҳоле аст, ки ихтилофи марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи даргирии рӯзҳои 28 ва 29 апрели соли ҷорӣ, ки мӯҷиби кушта шудани 55 нафару захмӣ шудани наздик ба 300 тан аз низомиён ва сокинони ноҳияҳои Исфара ва Ботканд гардид, ташдид шуд ва пас аз он марзҳои ду кишвар ҳамчунон баста боқӣ монд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп