Сентябр 01, 2021 20:06 Asia/Dushanbe
  • Талаби Толибон аз ҷангҷӯён дар вилояти Панҷшер

Толибон аз ҷангҷӯёни вилояти Панҷшер талаб карданд, ки силоҳҳои худро партоянд.

Бо истинод ба Радиои тоҷикии Садаи Хуросон, вазири пешини дифои Афғонистон Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, як манбаи ахбори Осиёи Марказӣ, навиштааст, ки ҳамлаи Толибон ба Панҷшер "ноком" будааст.

Вай иддао дорад, ки дар рӯзи дуввуми ҷанг, пас аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, 34 узви Толибон кушта ва 65 захмӣ шуданд.

Аммо Толибон иддао доранд, ки водии Панҷшерро дар чанд ҷабҳа муҳосира кардаанд, аммо то ҳол дар бораи даргириҳои Панҷшер ва талафоти онҳо чизе нагуфтаанд.

 Расонаҳои маҳаллии Афғонистон низ аз қавли намояндагони Толибон навиштаанд, ки талошҳо барои ҳалли мусолиматомези масъалаи Панҷшер ноком шудаанд.

Гуфтушуниди ҷангиёни Толибон ва аъзои Фронти Муқовимати Миллӣ чанд рӯз боз идома дорад.

Ҳоло тамоми Афғонистон ба ҷуз водии Панҷшер таҳти назорати Толибон аст.

Барчасп