Масъалаи Толибон алайҳи режими саҳюнистӣ
(last modified Wed, 08 Sep 2021 06:29:58 GMT )
Сентябр 08, 2021 11:29 Asia/Dushanbe
  • Масъалаи Толибон алайҳи режими саҳюнистӣ

Толибон мавқеи худро дар робита бо режими саҳюнистӣ баён карданд.

Ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон, Толибон, ки ахиран дар Афғонистон қудратро ба даст гирифтааст, изҳор доштааст, ки ҳеҷ гуна муносибат бо режими саҳюнистиро қабул надорад.

 Соҳил Шоҳин, сухангӯи Толибони афғон дар посух ба як суол ба хабаргузории Новости гуфт: "Мо намехоҳем, ки бо режими саҳюнистӣ равобити дипломатӣ дошта бошем, аммо мо кӯшиш мекунем, ки бо кишварҳои дигари ҷаҳон робита барқарор кунем."

Вай афзуд: "Мо мехостем бо ҳама кишварҳои минтақа ва кишварҳои ҳамсоя, инчунин бо кишварҳои Осиё робита дошта бошем."