Сентябр 09, 2021 17:33 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии Созмони паймони амнияти ҷамъӣ барои руёрӯӣ бо ҳар вазъияте дар Афғонистон

Раиси ситоди кулли Созмони паймони амнияти ҷамъӣ аз омодагии ин созмон барои руёрӯӣ бо ҳар вазъияте дар Афғонистон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Анатолий Сидоров-раиси Ситоди кулли Созмони паймони амнияти ҷамъӣ рӯзи панҷшанбе дар поёни размоиши неруҳои вокуниши зудамали ин созмон барои нобудии террористҳо дар Қирғизистон эълом кардозмони паймони амнияти ҷамъӣ барои мувоҷиҳа бо ҳар вазъияте дар Афғонистон омода мешавад.
Раиси ситоди кулли Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ба баргузории размоишҳое дар Русияву Тоҷикистон барои омода шудани неруҳо барои муқобила бо таҳдидҳое ҳамчун тероризм ишора кард.
Гуруҳи Толибон якшанбе 15 август вориди Кобул шуд ва давлати Ашрафғанӣ дар Афғонистон суқут кард. Таҳлилгарони тасаллути Толибон бар Кобулро ба манзалаи хотимаи ишғолгарии 20 солаи Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ ба баҳонаи бозсозии Афғонистон ба шакли матлуби ҷаҳони Ғарб медонанд .
Бисёре аз мардуми Афғонистон вазъияти феълии ин кишварро бархоста аз сиёсатҳои шикастхурдаи Амрико дар Афғонистон медонанд.
Пас аз гузашти беш аз 20 рӯз аз тасарруфи Афғонистон аз сӯи гуруҳи Толибон ин гуруҳ рӯзи сешанбе кабинаи ҷадиди ин кишварро эълом кард.
Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар соли 1992 ва бо мушорикати кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Гурҷистон ташкил шуд. Ҳамакнун Узбекистон узви ин созмон нест .Яке аз аҳдофи умдаи ин созмони маҳдуд кардани заминаи густаришу нуфузи Созмони паймони Атлантикаи шимолӣ ( НАТО ) ва Амрико дар минтақа аст.

 

Барчасп