Насби муҷассамаи падари шеъри форсӣ ва гузоштани кӯчае ба номи Рӯдакӣ дар пойтахти Қазоқистон
(last modified 2021-09-25T06:42:53+00:00 )
Сентябр 25, 2021 11:42 Asia/Dushanbe
  • Насби муҷассамаи падари шеъри форсӣ ва гузоштани кӯчае ба номи Рӯдакӣ дар пойтахти Қазоқистон

Бо ширкати шаҳрдорони Душанбеву Нурсултон дар пойтахти Қазоқистон муҷассамаи устод Рӯдакӣ-падари шеъри форсӣ-тоҷикӣ насб ва кӯчае ба номи вай номгузорӣ шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Пресса.тҷ, Рустами Эмомалӣ-шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар сафар ба Қазоқистон ба ҳамроҳи Олтой Кулгинов- шаҳрдори Нурсултон бо ифтитоҳи муҷассамаи устод Рӯдакӣ,кӯчаеро низ ба номи падари шеъри форсӣ-тоҷикӣ номгузорӣ карданд .
Қаблани намояндагони шӯрои шаҳри Нурсултон бо насби муҷассамаи падари шеъри форсӣ-тоҷикӣ бо гузоштани кӯчае ба номи Рӯдакӣ дар пойтахти Қазоқистон мувофиқат карда буданд .
Рустами Эмомалӣ-раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистони дар сафари расмии худ ба Қазоқистон бо Қосимжомарт Тақоев-раиси ҷумҳурӣ, Мавлон Ошимбоев-раиси маҷлиси Сенат  ва Олтой Кулгинов-шаҳрдори Нурсултон дидор ва роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дод.

 

Барчасп