Тоҷикистон шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистонро раҳо кард
(last modified Mon, 27 Sep 2021 16:56:23 GMT )
Сентябр 27, 2021 21:56 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистонро раҳо кард

Шаҳрванди Қирғизистон 26 сентябр аз ҷониби Хадамоти марзбонии Тоҷикистон боздошт шуд.

Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон, ки ба нақл аз Sputnik، Ӯ дар ҳоле боздошт шуд, ки савори нақлиёт дар роҳи Хуҷанд - Конибодом ҳаракат мекард.
Уразбек Мирзоев, шаҳрванди Қирғизистон, ки дар Тоҷикистон аз ҷониби сарҳадбонон боздошт шуда буд, ахиран раҳо ва ба Ватани худ баргашт, хабар медиҳад хадамоти марзбонии КДАМ-и Қирғизистон.
Бояд гуфт, ки Мирзоев рӯзи 26-уми сентябр аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шуда буд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳангоми боздошт ӯ дар микроавтобус ҳамроҳи ҳамсараш дар роҳи Хуҷанд-Конибодом ҳаракат мекард.
" 27 сентябр дар пайи музокироти раҳбарони вилояти Бодканди Қирғизистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон ва намояндагони марзбонии ду ҷумҳурӣ шаҳрванд Уразбек Мирзоев ба ҷониби Қирғизистон интиқол дода шуд",-омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ки ин мард тавассути гузаргоҳи Кулунду ба хона расидааст.