Сентябр 28, 2021 11:39 Asia/Dushanbe
  • Ройзании сафири Қазоқистон дар Афғонистон бо сарпарасти вазорати хориҷаи Толибон

Сафири Қазоқистон дар Афғонистон бо сарпарасти вазорати хориҷаи Толибон дидор кард.

Ба гузориши «АКИ Пресс», дидори Алимхони Есенгелдиев бо Амирхони Муттақӣ аввалин тамоси намояндаи дастгоҳи дипломатии Қазоқистон бо яке аз мақомоти Толибон аст.

Дар ин дидори тарафайн бар аҳамияти тавсеаи тиҷорат байни ду кишвар таъкид карданд ва мутааҳҳид шуданд, ки ҳамкориҳои тиҷории дуҷонибаро густариш диҳанд.

Сафири Қазоқистон дар Афғонистон ҳамчунин аз вазъияти амниятии Кобул ибрози ризоият кард ва хостори ироаи кумаки башардӯстона ба Афғонистон шуд.

Қазоқистон тайи солҳои ахир бо ирсоли гандум, орд ва сӯхт равобити пойдори тиҷорӣ бо мақомоти Афғонистон доштааст.

 

Бештар бихонед: