Сентябр 29, 2021 17:22 Asia/Dushanbe
  • Талоши Узбакистон барои рафъи мушкилоти ҳамлунақли байналмилалии бор ба Афғонистон

Узбакистон барои рафъи мушкилоти трпнзити бор ба Афғонистон кумак мекунад.

Нишасти гуруҳи корӣ ба раёсати устондори Сурхондарёи Узбакистон ва волии Балхи Афғонистон, муташаккил аз намояндагони созмонҳои марзии ду кишвар дар шаҳри Тирмиз бо мавзӯи баррасии транзити борҳо баргузор шуд.

Ин нишаст бино ба дархости тарафи афғон, барои ҳаллу фасли масоили транзити колоҳои воридотӣ ба Афғонистон баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа мушкилоти ҳамлунақли маводи ғизоӣ, дору, пӯшок ва сӯхт баррасӣ шуд.

Дар ин нишаст тарафайн дар мавриди иҷрои иқдомоти лозим барои ҳалли мушкилоти транзит ва содироти бор ба Афғонистон тавофуқ карданд.

Ду ҳафтаи пеш Тӯра Бобоқулов, устондори Сурхондарё ва Исматуллоҳ Эргашев, намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Узбакистон дар Афғонистон 1300 тон кумаки башардӯстонаро дар Ҳайратон ба Толибон таҳвил дод.