Октябр 15, 2021 21:21 Asia/Dushanbe
  • Тадобири вижаи марзии Қирғизистон

Қирғизистон амнияти навоҳии марзӣ бо Тоҷикистонро тақвият мекунад.

Ба гузориши «Спутник», Октябр Урмамбетов, муовини вазири дохилии Қирғизистон дастури тақвияти амнияти навоҳии марзи муштарак бо Тоҷикистонро содир кард.

Вай ба воҳиди низомии вазорати дохилӣ дар вилояти Ботканд дастур дод, иқдомоти амниятиро тақвият кунанд ва теъдоди неруҳои пиёданизомро дар марзи Тоҷикистон афзоиш диҳанд.

Муовини вазири дохилии Қирғизистон ҳамчунин аз таъсисоти роҳбурдӣ дар рустои Оқсойи ноҳияи Ботканд ҳам дидан кард.

Урмамбетов ҳамчунин ба воҳиди низомӣ дар рустои Куктош дастур дод то амнияти умумӣ дар марзҳоро афзоиш диҳанд.

Ин иқдом дар остонаи интихоботи парлумонии 28 ноябри Қирғизистон иҷро мешавад.

Ихтилофи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар пайи даргирии 28 ва 29 апрели соли ҷорӣ ташдид шуд.

Дар ин даргириҳо теъдоди зиёде аз низомиён ва сокинони навоҳии Исфара ва Ботканд кушта ва захмӣ шуданд.  

Аз он замон то кунун марзҳои ду кишвар баста аст.

 

Барчасп