Октябр 17, 2021 12:38 Asia/Dushanbe
  • Ройзаниҳои Қирғизистону Озарбойҷон дар мавриди хадамоти консулӣ

Аввалин давраи мушовара дар мавриди масоили консулии байни Қирғизистону Озарбойҷон баргузор шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Киштобоев-муовини хадамоти консулии Вазорати хориҷаи Қирғизистон ва Сафаров-раиси бахши консулии Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд .
Тарафайн дар мавриди судури гувоҳиномаи Ковид - 19 ва муҷаввизи барои вуруди шаҳрвандони қирғиз ба хоки Озарбойҷон ройзанӣ карданд .
Ҳимоят аз ҳуқуқу манофеи шаҳрвандон, иқомати муваққат, таҳсилу кор дар сарзаминҳои ду кишвар аз дигар мабоҳиси матраҳшуда дар ин дидор буд .
Дар ин нишаст дар бораи иҷрои мафоди Конвенсияи Вена дар бораи равобити консулӣ аз 24 апрели соли 1963 ва масоили марбут ба амалкарди консулҳои ифтихории ду давлат ҳам гуфтугӯ шуд .
Дар ин ҷаласа мақомоти ду кишвар тафоҳумномае ҳам имзо карданд .

 

Барчасп