Даргузашти Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ - шоири хушноми порсигӯ
(last modified Tue, 19 Oct 2021 05:13:13 GMT )
Октябр 19, 2021 10:13 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ - шоири хушноми порсигӯ

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, шоири хушноми порсигӯи аҳли Самарқанд дар синни 78 солагӣ даргузашт.

Ҳаёт Неъмат илова бар сурудани шеър, драманавис ва пажӯҳишгари адабиёт низ буд.

Вай аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Шӯрои Анҷумани байналмилалии тоҷикон ва порсизабонони ҷаҳон, мавсум ба «Пайванд» буд.

Аз ӯ илова бар чанд китоби ашъор, ҳамчунин драмаҳое ба номи «Меҳри пирӯз ё зодаи нур» ва «Дарди рӯзгори одам» ба мерос мондааст.

Ҳаёт Неъмат барои осори адабии худ муфтахар ба дарёфт ҷоизаи ба номи «Деваштич» шуда буд.

Ашъори ин шоири самарқандӣ дар Узбакистон, Тоҷикистон, Эрон, Фаронса, Англия ва Амрико мунташир шудааст.

Вай ҳамчунин 120 ғазал аз Мавлоно Ҷомӣ, 100 ғазал аз Саъдии Шерозӣ ва 100 ғазал аз Имом Хумайнӣ (раҳ) –ро ба забони ӯзбакӣ тарҷума кардааст.

Дар соли 2019 дар шаҳри Душанбе китоби арзишманди Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ таҳти унвони «Сипеҳри орзӯ» мунташир шуд.

Ҳаёт Неъмат ҳудуди се даҳа масъулияти Маркази ғайридавлатии Фарҳанги тоҷик дар Самарқандро (то замони таътилӣ) бар ӯҳда дошт.

 

Бештар бихонед: